شنبه، شهریور ۲۲، ۱۳۸۲

Тавба, тавба, тавба бояд кард
Имруз хеч чизро дуст надорам
Имруз хеч касро надорам дар ёд.

Имруз рохи харрузаи ман
Омехтааст
Бо мардум
Бо мошин
Овоз...
Овозхои дилхарош
Овозхои майнабур
Овозхои носабур,
Мошин, ароба...
Савор, пиёда...
Мардум
Мардум...
Садо, садо...

Рохи ман дар рохи ман гум шудааст?
Садои ман кучост,
Садои ман зери чархи чи чизе уфтод
Таркид,
Бишкаст.

Овози ман
Дар овозахои дури ман гум шудааст
Номи ман номи ман
Хатто ба ман шум шудааст.

Имруз хеч чизи ин чахон
Барои ман нест гарон
Ман нестам аз бас барои он


То шаб,
То хоб
То бурдани сар бар гушаи саччода
Чи кадар монда?

هیچ نظری موجود نیست: